Озмуни «Муаллими сол» ҷамъбаст гардид
Роғун, 28.04.2015. (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).-Чанде қабл дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №17 шаҳраки Роғун озмуни «Муаллими сол» бо иштироки муаллимони фанҳои гуногуни муассисаҳои таълимии шаҳраки Роғун баргузор гардид. Дар озмун 14 нафар омўзгор ширкат варзида, дар ҳузури ҳакамон бо усулҳои нави дарсӣ ба хонандагон дарс гуфтанд. Натиҷаи озмун нишон дод, ки Муносиб Камолов, муаллими мактаби №28 ба унвони «Муаллими сол-2015» сарфароз гардид. Ғолибон ва иштироккунандагон бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳои шуъбаи маориф сарфароз гардиданд. М. Камолов ба даври ниҳоии озмуни «Муаллими сол — 2015» ба шаҳри Душанбе роҳхат гирифт.








Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд






