Озмуни “Падарони шӯҳратманд”
Душанбе, 22.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Вазорати фарҳанг бахшида ба 70- солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 — 1945 барои рӯзномаю маҷаллаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба таблиғу ташвиқоти анъанаҳои ҷангӣ ва меҳнатии собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Падарони шӯҳратманд” озмуни ҷумҳуриявӣ эълон намудааст.
Ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадаф аз баргузории озмун инъикоси ҳамаҷонибаи аҳамияти оламшумули таърихии Ғалаба дар ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, саҳми фарзандони барӯманди Тоҷикистон дар таъмини Ғалаба, шуҷоату диловарӣ ва хизматҳои шоёни онҳо дар майдони муҳорибаҳои шадид ва дар ақибгоҳ, тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, дарки баланди худшиносии миллист, ки аз талаботи «Барномаи омодагӣ ва таҷлили ҷашни 70- солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941- 1945» бармеоянд.
Дар озмун тамоми нашрияҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳуқуқи иштирок кардан доранд. Мақолаҳое, ки дар мавзӯъҳои марбут ба омодагӣ ва таҷлили ҷашни Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 — 1945 дар рӯзномаю маҷаллаҳо ба табъ расидаанд, бояд мазмунан баланд, ҷолиб, бо овардани мисолҳои ҳаётӣ аз рӯзгори иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ буда, дар таҳияи онҳо аз жанрҳои гуногуни публисистию бадеӣ истифода шуда бошад.
Барои нашрияҳои ғолиби озмун мукофот 1000 то 2000 сомонӣ, дипломҳо ва ифтихорномаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.
Ҷамъбасти қабули маводи чопии ба озмун пешниҳодгардида — 1- уми майи соли 2015 мебошад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






