Пешгирӣ аз сӯхтор
Кӯлоб,14.04.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- «Дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб 7 сӯхтор ба қайд гирифта шуд, ки зарари он 19 ҳазору 250 сомониро ташкил медиҳад. Ҳодисаи сӯхтор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 адад кам гардида, кормандони хадамот барои пешгирӣ аз сӯхтор рейдҳои муштарак мегузаронанд»,-зикр намуд сардори қисми мустақили 33-юми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати шаҳри Кӯлоб Саидмудассир Раҳматов .
Ба гуфтаи С. Раҳматов сабаби асосии сар задани сӯхторҳо аз ҳисоби вайрон кардани қоидаҳои васлкунии таҷҳизоти барқӣ, қасдан оташ задан ва оташбозии кӯдакон аст. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои фаврӣ ва сари вақт хомӯш намудани сӯхторҳо, молу амволи шаҳрвандон ба маблағи 1 млн. 217 ҳазору 500 сомонӣ наҷот дода шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






