Пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро
Душанбе, 20.04.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар доираи вохӯриҳо бахшида ба эълон шудани соли 2015- ҳамчун “Соли оила” дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода тибқи нақшаи муштараки Кумитаи кор бо занон ва оила ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Махфират Хидирзода ва раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳӣ А Абдуллозода бо донишҷӯён ва омӯзгорони ин донишкада баргузор гардид.
Зимни мулоқот атрофи масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, тарбияи ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстию ватандорӣ муҳокима сурат гирифт.
Донишҷӯён низ дар раванди мулоқот фаъолона иштирок намуда, андешаҳояшонро вобаста ба ин масъала баён намуданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






