Пешниҳоди М. Убайдуллоев ба ҳайати БҶ

Апрель 15, 2015 10:28

Душанбе, 15.04.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Масъалаи татбиқи Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси шаҳри Душанбе бо Пйер Франческо Мантованӣ-роҳбари лоиҳаи мазкур, ки бо як ҳайати Бонки ҷаҳонӣ ба Душанбе ташриф овардааст, матраҳ гардид.
   Дар мулоқот мусоҳибон корҳои то ба имрӯз анҷомгирифтаро дар доираи татбиқи Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе, ки тӯли панҷ сол бо азхудкунии 16 млн $ гранти бебозгашти Бонки ҷаҳонӣ ва 3 млн $ маблағгузории шаҳрдории   Душанбе амалӣ гардонида мешавад, баррасӣ намуданд. Бояд тазаккур дод, ки ҳадафи лоиҳаи мазкур ташкили фаъолияти самараноки КВД «Обу корези Душанбе» барои кам кардани талафот ва сарфаи оби истеҳсолшуда  тавассути насби ҳисобкунакҳои обӣ, беҳдошти вазъи молиявӣ ва таъмини худмаблағгузорию рушди институтсионалӣ ва худидоракунии корхона сафарбар шудааст. Барои амалисозии корҳо ширкати олмонии  CES Consulting Engineers Saizgitter GmbH  мушовир интихоб гардидааст. Зикр шуд, ки тибқи лоиҳа 45% муштариёни КВД «Обу корези Душанбе» бо ҳисобкунакҳои обӣ таъмин гардидаанд, ки он барои баланд бардоштани фарҳанги  сарфа намудани оби нӯшокӣ аз сӯи муштариён нақши муассир гузоштааст.
Маҳмадсаид Убайдуллоев таъкид дошт, ки дар марҳилаи феълӣ иқтидори ҷонибҳо барои таъмини хизматрасонии дарозмуддати ҳисобкунакҳои обии насбшуда ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон равона карда шаванд. Аз ин рӯ, дар доираи маблағҳои лоиҳавӣ ҷиҳати роҳ наёфтани регмайдаҳои таҳшинӣ ба шоҳқубурҳои интиқоли об, масъалаи шинонидани обполакҳои пуриқтидор дар истгоҳи обтаъминкунии «Худҷореъ» ва беҳдошти ҳолати шабакаҳои корезию пойгоҳи обтозакунии корезии КВД «Обу корези Душанбе» аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ матраҳ шавад. 
Пйер Франческо Мантованӣ афзуд, ки барои амалӣ намудани пешниҳодҳои ироашуда, тамоми имконоти мавҷударо сафарбар сохта, ҷиҳати дар 9 моҳи боқимонда татбиқ кардани кулли нишондиҳандаҳои Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе барномаи фаъолияти муштараки ҷонибҳоро тарҳрезӣ ва мавриди иҷро қарор хоҳад дод. 
 

Апрель 15, 2015 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд