Пирӯзии «Реал Мадрид» бар дастаи «Атлетико»
Душанбе, 23.04.2015. (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон).-Шоми дирӯз дастаи «Реал Мадрид» дастаи «Атлетико»-ро шикаст дода, ба даври ниманиҳоӣ роҳхат пайдо кард. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Сантяго Бернабео» сурат гирифта, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи соҳибони майдон сипарӣ шуд. Ягона голи пирӯзиоварро дар ин дидор Хавиер Эрнандес дар дақиқаи 88-ум ба ҳадаф расонид. Бозии ҷавобии даври ј ниҳоӣ барои ҳарду дастаи испанӣ мушкил буд. Футболбозони клуби «Шоҳона», ки дар хонаи хеш ҳунарнамоӣ доштанд, бартарии бештарро ба даст гирифтанд ва ниҳоят дари пирӯзӣ ба рӯйи онҳо боз шуд. Бозии якуми дастаҳо бидуни гол анҷом ёфт. Акнун тарбиятгирандагони Карло Анчелоти барои нигоҳ доштани ҷоизаи порсолаи хеш мубориза мебаранд.
Ёдовар мешавем, ки дар таърихи Лигаи чемпионҳо ягон даста ду сол пай дар ҳам ғолиб наомадааст. Дар дидори дигари даври ј ниҳоии мусобиқаи мазкур дастаҳои «Манако»-и Фаронса ва «Ювентус»-и Италия бо ҳам рақобат намуданд. Дастаи «Ювентус», ки роҳбарии онро Массисмилиано Аллегри бар уҳда дорад, ин вохӯриро бидуни гол анҷом дод, аммо дар натиҷаи ду дидор роҳхати даври ниманиҳоиро ба даст овард, зеро бозии якумро футболбозони италиёвӣ дар Турин бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи худ анҷом дода буданд. Голи пирӯзиоварро Артуро Видал ба самар расонид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






