Пирӯзии тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бар Шри-Ланка
Душанбе,03.04.2015 (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Тими мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-23) дар бозии даври охирини сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 дар гурӯҳи «D” бар дастаи мунтахаби Шри-Ланка (сармураббиаш Никола Кавазович, собиқ сармураббии тими мунтахаби миллии Тоҷикистон ва дастаи «Истиқлол”-и Душанбе) бо ҳисоби бузурги 5-1 пирӯз шуд. Ин бозӣ рӯзи 31-уми март дар шаҳри Фуҷайраи Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) баргузор шуд. Ҳисобро дар дақиқаи 24-уми нимаи аввали бозӣ Ҷоҳар Муҳаммад Зарван, бозингари тими мунтахаби Шри-Ланка боз кард.
Дар дақиқаи 37-уми бозӣ Парвизҷон Умарбоев аз пеналтӣ ҳисобро баробар намуд.
Нимаи дувуми дидор бо бартарии комили футболбозони тоҷик гузашт ва онҳо чор гол заданд. Голҳоро Фирӯз Раҳматов, Наврӯз Рустамов, Ҷаҳонгир Алиев ва Ҷаҳонгир Эргашев ба ҳадаф расонданд.
Дар бозии дигари даври охирини гурӯҳи «D” тими мунтахаби АМА бар тими Яман бо ҳисоби 1-0 ғалаба кард.
Ёдовар мешавем, ки футболбозони ҷавони тоҷик бо раҳбарии сармураббӣ Алишер Тухтаев нахустин бозиро бар тими Яман бо ҳисоби 1-2 ва бозии дувумро ба дастаи мунтахаби ИМА бо ҳисоби 0-3 бохтанд.
Ба ин тартиб, тими мунтахаби Тоҷикистон, ки бо 3 имтиёз дар гурӯҳи «D” дар ҷойи севум қарор гирифт, аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи дувум маҳрум гашт. Дастаи мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб бо 9 имтиёз ҷойи аввал ва тими мунтахаби Яман бо 6 имтиёз ҷойи дувумро касб карда, ба марҳилаи баъдӣ роҳ ёфтанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






