Пирӯзии варзишгарони Русия дар Душанбе
Душанбе, 20.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Ниммарафони байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе, ки 18- уми апрел баргузор шуд, бо пирӯзии варзишгарони Русия хотима ёфт.
Ба иттилои Маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ин ниммарафони байналмилалӣ, ки масофаи 21 километру 97 метрро дар бар гирифт, барои бори шашум бо тасмими раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев доир шуд.
Дар ниммарафон, ки аз рӯи масири дав — Наврӯзгоҳи Душанбе то майдони «Дӯстӣ” (назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ) — сурат гирифт, ба ҷуз варзишгарони тоҷик аз манотиқи мухталифи кишвар, давандаҳои касбӣ (мардону занони синнашон аз 18 боло) аз шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон, шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Самара ва Челябински Русия, Барселонаи Испания, Тошканди Ӯзбекистон, Шерози Эрон, инчунин давандаҳо аз Кения, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ҳиндустон иштирок доштанд”.
Дар ниммарафони байналмилалӣ Юрий Чечун аз шаҳри Самараи Русия дар байни мардон ва Юлия Чиженко аз шаҳри Санкт -Петербурги Русия миёни занон ғолиб шуданд.
Андрей Петров ва Марина Химелевская (ҳарду аз шаҳри Тошканди Ӯзбекистон) ҷойҳои дуюм, Самуэл Вайтака (Кения) ва Жаннатбек Гулжанат (шаҳри Алматии Қазоқистон) ҷойҳои сеюм, Степан Киселёв (шаҳри Қазони Русия) ва Катя Фатеева (шаҳри Челябински Русия) ҷойҳои чорум, Энтони Муго (Кения) ва Ираида Александрова (шаҳри Қазони Русия) ҷойҳои панҷум, Иля Пяткин (шаҳри Бишкеки Қирғизистон) ва Зайнаб Мансурӣ (шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон) ҷойҳои шашумро соҳиб шуданд.
Мукофотро ба ғолибону беҳтаринҳои пойга рӯзи 18- уми апрел дар маросими ботантана бахшида ба Рӯзи пойтахт раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев супурд. Варзишгарони тоҷик, ки натиҷаҳои хуб нишон дода натавонистанд, аз ҷоизапулӣ бенасиб монданд.
Ҳамчунин дар ин маросим ғолибони озмунҳои соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш — мактаби махсуси варзишии кӯдакону наврасони захираҳои олимпии №3-и шаҳри Душанбе оид ба варзиши сабук бо ҷоизаи «Беҳтарин мактаби варзишии шаҳри Душанбе» ба маблағи 3500 сомонӣ; толори варзишии Корхонаи воҳиди давлатии «Қасри теннис»-и шаҳри Душанбе бо ҷоизаи «Беҳтарин толори варзишии сол дар шаҳри Душанбе» ба маблағи 2500 сомонӣ; мураббии Мактаби махсуси кӯдакону наврасони захираҳои олимпии №2- и шаҳри Душанбе оид ба таэквондо ва камонварӣ Ҷаҳонзеб Қармишев бо ҷоизаи «Беҳтарин мураббии варзиши сол дар шаҳри Душанбе» ба маблағи 3000 сомонӣ сарфароз шуданд.
Инчунин 38 нафар ғолиби озмуни «Стипендияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои дастовардҳои варзишӣ дар соли 2014» бо стипендияҳои дараҷаи 1 аз рӯи намудҳои олимпӣ ҷои аввал — 1000 сомонӣ, ҷои дуюм — 900 сомонӣ, ҷои сеюм 800 сомонӣ ва стипедияи дараҷаи 2 аз рӯи намудҳои ғайриолимпӣ ҷои аввал — 700 сомонӣ, ҷои дуюм — 600 сомонӣ ва ҷои сеюм — 500 сомонӣ барои 8 моҳ қадрдонӣ шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






