Пиёзи Қумсангир нархи бозори Хуҷандро поён бурд
Душанбе, 25.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Ҳамсола дар миёнаи фасли баҳор болоравии нархе баъзе аз намудҳои махсулот аз қабили пиёз ба мушоҳида мерасад.
Бо мақсади паст намудани нархи чанд намуди маҳсулот, аз қабили пиёзу картошка, гӯшту сабзӣ мақомоти маҳаллии шаҳри Хуҷанд чанд тадбири мушаххас андешидааст.
Яке аз ин чораҳо бо ташаббуси раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва дастгирии раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба бозори марказии маҳсулоти кишоварзии «Панҷшанбе» ворид гардидани зиёда аз 50 тонна пиёзи барвақтӣ аз ҷониби деҳқонони ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон аст. Маҳз ин тадбир имкон дод, ки нархи як килограмм пиёз аз 4 сомонӣ ба 1 сомонию 80 дирам-2 сомонӣ паст фарояд.
Ҳоло бо дастури раиси шаҳр барои бемаҳдудият ворид намудани маҳсулот ва таъмини ройгони хӯроку ҷойи хоб шароит фароҳам оварда шудааст. Ҳамзамон дар натиҷаи андешидани ин гуна тадбирҳо ҳоло дар бозор нархи гӯшт то 30 сомонӣ буда, тамоюли пастравии нархҳои дигар намуди маҳсулот мушоҳида мешавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






