«Помир» байни дастаҳои лигаи олӣ баромад мекунад

Апрель 9, 2015 14:44

Душанбе,09.04.2015 (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон дастаи КМВА «Помир»-и Душанбе, ки иштирок карданаш дар чемпионати Тоҷикистон зери суол қарор дошт, хушбахтона, дар мавсими имсолаи футбол байни дастаҳои лигаи олӣ баромад мекунад.
Рӯзи шанбе ба Федератсияи футболи Тоҷикистон аз номи вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо мактуби расмӣ ворид шуд, ки бо сабабҳои мушкилоти молиявӣ имсол КМВА «Помир» дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ иштирок карда наметавонад.
Аммо рӯзи душанбе ин мушкилии дастаи артиш қаноатбахш баррасӣ шуд. Дар ин мавзӯъ сардори даста Хабир Давлатов ба торнамои расмии Федератсияи футболи кишвар чунин хабар дод: «Мехоҳам аз номи мураббиёну бозингарони даста ба сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва роҳбарияти Федератсияи футболи мамлакат барои расидагияшон ба мушкили дастаи мо сипосгузорӣ намоям. Дастаи мо пароканда намешавад ва дар чемпионати имсолаи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баромад мекунад. Бори дигар мехоҳам аз номи даста ба роҳбарони ФФТ миннатдорӣ баён кунам. Дар нигоҳдошт ва таъмини иштироки дастаи мо дар мавсими имсолаи футбол, пеш аз ҳама саҳми ФФТ беандоза аст».
 

Апрель 9, 2015 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!