Прокурорҳо минбаъд иди касбиашон дар баҳор таҷлил менамоянд
Душанбе, 8.04.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Минбаъд кормандони мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон иди касбии худро на 14 декабр, балки дар 14 март таҷлил менамоянд. Дар робита ба ин 8 апрел вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйиру иловаҳо ворид намуданд.
Бахтовар Сафаров-узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон зимни тавзеҳи лоиҳаи қонуни мазкур гуфт, ки ҳадафи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» мутобиқ намудани иди касбии кормандони мақомоти прокуратураи кишвар ба рӯзи қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ марбут ба ташкил ва фаъолияти мақомоти прокуратура дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон иртибот дорад, зеро 14 марти соли 1992 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи додситонии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул ва мансаби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Қаблан кормандони ниҳоди додситонии Тоҷикистон иди касбии худро рӯзи 14 декабр, ки ба таъсиси Прокуратураи давлатии Ҷумҳурии Худмухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, яъне ба 14 декабри соли 1924 марбут буд, таҷлил мекарданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






