Рӯзҳои ид борони кӯтоҳмуддат мешавад

Апрель 29, 2015 10:56

Душанбе, 29.04.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих).- Имрӯз, 29  апрел,  дар  саросари  минтақаҳои  Тоҷикистон  ҳавои  камабр дар  назар  буда, ҳаво  рӯзона 22 — 24  дараҷа  гарм  мешавад. 
Шабонарӯзи  30  апрел ҳавои  абролуд,  борони сахт ва раду  барқ дар назар аст. Ҳаво шабона 12 — 14  дараҷа  ва  рӯзона  19 — 21  дараҷа  гарм  мешавад. 
Ба гуфтаи ҳавошиносон рӯзҳои иди 1,2 ва  3 май  борони  кӯтоҳмуддат  ва  дар  баъзе  ҷойҳо  раду барқ  шуда, ҳаво  25 — 27  дараҷа  гарм  мешавад. 
Пагоҳ,  30  апрел, ҳаво рӯзона  дар  вилояти  Хатлон 23 — 24  дараҷа,  вилояти  Хатлон 18 — 19  дараҷа, ноҳияҳои тобеи  ҷумҳурӣ 20 — 22  дараҷа, дар  ғарби  ВМКБ 17 — 21  дараҷа,  дар  шарқи он  3 — 5  дараҷа ва дар  шаҳри  Душанбе  20 — 21  дараҷа  гарм  мешавад. 
Дар  ин  бора  аз  Хадамоти  ҳавошиносии  Тоҷикистон  ба  АМИТ «Ховар»  хабар доданд.

Апрель 29, 2015 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш