Рӯзҳои ин ҳафта офтобӣ мешаванд

Апрель 6, 2015 10:00

Душанбе, 06.04.2015. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих).-   Имрӯз,  6  апрел,  дар  саросари  минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои  камабр  ва  дар  баъзе  маҳалҳо бориши  кӯтоҳмуддат дар назар  буда, ҳаво 17 — 19  дараҷа гарм  мешавад. 
Шабонарӯзи  7  апрел ҳаво  камабр  шуда, борон  намеборад Ҳаво  шабона 5 — 7  дараҷа ва  рӯзона  17 — 19 дараҷа  гарм  мешавад. 
Ба  гуфтаи  ҳавошиносон, ҳафтаи оянда ҳаво гарм  шуда, фақат  дар  баъзе  минтақаҳо  шояд  борони  кӯтоҳмуддат  борад. 
Пагоҳ, 7 апрел, ҳарорати  хаво рӯзона  дар  вилояти  Хатлон 19 — 22  дараҷа, вилояти Суғд 17 — 19  дараҷа, ноҳияҳои  тобеи  ҷумҳурӣ 19 — 20  дараҷа,  дар ғарби  ВМКБ  13 — 15  дараҷа,  дар шарқи он  3 — 5  дараҷа  ва дар шаҳри  Душанбе  17 — 19  дараҷа  гарм  мешавад.
Дар ин бора  аз Маркази  ҳавошиносии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» хабар  доданд.

Апрель 6, 2015 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш