Рӯзи «Дарҳои кушод» дар Академияи ВКД

Апрель 20, 2015 14:31

Душанбе, 20.04.2015. (АМИТ Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дар ҳафтаи сипаригардида бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва дар доираи «Барномаи ислоҳот (рушд)-и милитсия» дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи «Дарҳои кушод» баргузор гардид.
Тибқи иттилои ВКД ҶТ, дар чорабинӣ падару модарони курсантон, 200 нафар тарбиятгирандаи мактаб-интернат, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия ва намояндагони дафтари САҲА дар Тоҷикистон иштирок доштанд.   
Дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ шунавандагон ва ҳайати шахсии ин даргоҳи илму маърифат саф ороста, бо сурудани Суруди миллӣ ва гузашти низомӣ ба чорабинӣ ҳусни идона зам намуданд.
Ҳамчунин кормандони Дастаи таъйиноти махсуси милитсия машқҳои намоиширо бо  маҳорати баланди касбӣ нишон дода, аз чунин намоиш курсантон ва тарбиятгирандагони мактаб-интернат таассуроти бештар бардоштанд.
Сардори Академияи ВКД ҶТ  Ф. Шарифзода зикр кард, ки тайи солҳои охир бо муҳайё гардидани шароити таҳсил ва омӯзиши илму маърифат шумораи довталабон ба академияи мазкур зиёд гардида, дар ин радиф фарзандони кормандоне, ки ҳангоми адои вазифа фавтидаанд, ҳамчунин ятимону бепарасторон низ ба илму дониш фаро гирифта мешаванд.
Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД ҶТ Бобоназарзода Алӣ Бобоназар оид ба иҷрои «Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 — 2020» ва «Барномаи ислоҳот (рушд)-и милитсия барои солҳои 2014 — 2020» ибрози андеша намуд.
Дарвоқеъ, шароити кунунӣ дар академияи мазкур ба талаботи муосир ҷавобгӯ буда, дорои имкониятҳои хуб баҳри омӯзиш ва аз бар намудани фанҳои гуманитарию ҳуқуқшиносӣ мебошад.
 

Апрель 20, 2015 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!