“Рӯзи мудофиаи гражданӣ” дар Чкалов
Хуҷанд, 23.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар шаҳри Чкалови вилояти Суғд чорабинии “Рӯзи мудофиаи гражданӣ” баргузор гашт. Тавре ки масъулини кумитаи вилоятии мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодаи Суғд иттилоъ доданд, аз 13 то 18-уми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Чкалов тибқи нақшаи чорабиниҳои асосӣ оид ба масоили мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода вобаста ба мавзӯи “Амали мақомоти идоракунанда ва қувваҳои мудофиаи граждании шаҳр дар вақти бартараф намудани садамаи кимиёвӣ дар роҳи оҳан” санҷиши соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳр ва машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ гузаронида шуд.
— Максад аз баргузории чорабинии мазкур- ин пеш аз ҳама пурзӯр намудани ҳолати омодабошии ҳайати роҳбарони мақомоти дахлдори давлатӣ дар бартараф намудани ҳолатҳои фавқулода ба ҳисоб рафта, он дар корхонаи давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон” таҳти роҳбарии раиси шаҳри Чкалов Р.Давлатзода ва иштироки ҳайати роҳбарикунандаи шаҳр, хадамоти мудофиаи гражданӣ ва кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳр доир гардид, — афзуд манбаъ.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






