Рақобати “Истиқлол” ва “Эрбил” дар Қатар
Душанбе, 29.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон, дар даври панҷуми сабқати интихобии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2015 дар гурӯҳи «С” имрӯз 29 апрел дар пойтахти Қатар — Доҳа, бо дастаи «Эрбил”, қаҳрамони чоркаратаи Ироқ ва финалисти Ҷоми AFC-2014, рақобат мекунад. Сардовари бозӣ Масъуд Туфайлӣ аз Сурия мебошад.
Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, баъди натиҷагирии чор даври сабқати интихобӣ дар гурӯҳи «С” «Истиқлол” ва «Ал-Қодсия” бо 7-имтиёзӣ пешсафанд. «Истиқлол” (таносуби тӯбҳояш — 7-6) дар ҷойи якум ва «Ал-Қодсия” (5-4) дар ҷои дувум қарор доранд. «Аҳал” бо 6 имтиёз дар ҷои севум ва «Эрбил” бо 3 имтиёз дар ҷои чоруманд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






