Раддабандии КФО: «Истиқлол» ба Тоҷикистон имтиёз меорад
Душанбе, 22.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- «Истиқлол»-и Душанбе, ки то имрӯз дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2015 ҳафт имтиёзро соҳиб шудааст, дар раддбандии Конфедератсияи футболи Осиё барои Тоҷикистон 2,333 хол овард.
Тавре ки федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст, дар феҳристи ба наздикӣ интишоршудаи КФО Тоҷикистон соҳиби 10,389 хол мебошад. Байни 46 давлати Осиё мо зинаи 26- умро ишғол мекунем. Барои дар Лигаи чемпионҳои КФО ишғол намудани ҷой, Тоҷикистонро зарур аст, ки аз Лубнон пеш гузарад. Дар айни замон Лубнон нисбат ба Тоҷикистон 9 хол зиёдтар дорад.
Мавқеи ҳозираи Тоҷикистон дар раддабандии КФО имконият медиҳад, ки соли оянда ду клуби футболи кишвар дар Ҷоми КФО иштирок кунанд. Агар ягон тағйирот ба амал наояд, соли оянда чемпиони мо аз марҳилаи гурӯҳӣ ва барандаи Ҷоми милӣ аз даври плей- офф ба мусобиқа шурӯъ мекунанд.
Ҳаминро зикр мекунем, ки раддабандии КФО шумораи ҷойҳои ҳар як ассотсиатсияро барои сабқатҳои бошгоҳии оянда — Лигаи чемпионҳо ва Ҷоми КФО муайян мекунад. Аъзои ассотсиатсияҳое, ки дар раддабандӣ зинаҳои 1- 24- ро ишғол мекунанд, ҳуқуқ доранд, ки дар Лигаи чемпионҳои КФО иштирок намоянд. Аъзои ассотсиатсияҳое, ки дар раддабандӣ ҷойҳои 25-32- ро ишғол мекунанд, метавонанд дар Ҷоми КФО ду бошгоҳӣ намоянда дошта бошанд, ки чемпиони кишвар аз марҳилаи гурӯҳӣ ва барандаи Ҷоми миллӣ аз даври плей- офф баромадашонро оғоз мекунанд.
Ассотсиатсияҳое, ки дар раддабандӣ зинаҳои 33- 46- ро ишғол мекунанд, имконият доранд, ки дар сабқати ояндаи Ҷоми КФО аз марҳилаи пешакӣ бозӣ кунанд. Як дастаи ин ассотсиатсияҳо аз марҳилаи тахассусӣ ва дастаи дигараш аз марҳилаи плей- офф мусобиқаро оғоз мекунад.
Ёдовар мешавем, ки раддабандии КФО дар асоси натоиҷи баромади ҳамаи клубҳои асотсиатсияҳо дар Лигаи чемпионҳо ва Ҷоми КФО барои чор мавсими охир (аз онҳо 70% ба ҳисоб гирифта мешавад) ва инчунин холҳои соҳибшудаи тимҳои мунтахаби миллӣ дар раддабандии ФИФА (30%) мураттаб гардонида мешавад. Холҳои раддабандии бошгоҳӣ ва раддабандии тимҳои мунтахаб ҷамъ шуда, ҷамъи умумии раддабандии КФО- ро ташкил мекунанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






