«Рамис-Испечак» — ғолиби Ҷоми шаҳрдорӣ
Душанбе, 21.04.2015. (АМИТ Ховар, Рафоати Абдулҳамид).- Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон мусобиқа барои дарёфти Ҷоми шаҳрдори Душанбе бо ғалабаи дастаи футболи «Рамис- Испечак» поин шуд. Дар бозии ниҳоӣ «Рамис- Испечак» бар дастаи «Айнӣ» тавассути зарбаҳои пеналти бо ҳисоби 7 бар 6 ғолиб омад. Дар маросими мукофотонии ғолибон раиси Федератсияи футболи шаҳри Душанбе Дилшод Ҷӯраев, ноиби раиси Федератсияи футболи шаҳр Увайдо Давлатбеков, Мураббии шоистаи ИҶШС, аъзои Кумитаи Иҷроияи ФФТ Шариф Назаров, собиқадорони футболи тоҷик Алимаҳмад Мирзоев ва Раҳим Шарипов, капитани «Истиқлол»-и Душанбе ва тими миллии Тоҷикистон Дилшод Восиев ширкат намуда, ба ғолибону ҷоизадорон Ҷому медалҳо ва туҳфаҳои Кумитаи тадорукотиро супориданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






