Расонаи зиндагӣ

Апрель 7, 2015 11:23

Ба таъсиси радио дар Тоҷикистон 85 сол пур шуд
 
Душанбе, 7.04.2015. (АМИТ «Ховар»).-Масъалаи ташкили радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10-уми январи соли 1928 мавриди баррасӣ қарор гирифта, 19-уми январ Кумитаи вилоятии болшевикони Тоҷикистон оид ба радио қарор қабул кард. Шўрои Комиссарони Халқи Ҷумҳурии Мухтори Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон мувофиқи ин қарор амал намуда, 19-уми октябри соли 1928 лоиҳаи нақшаи бо радио таъмин намудани ҷумҳуриро тасдиқ намуд. Нақшаи панҷсолаи радио дурнамои рушди ин соҳаро муайян мекард. Соли 1930 нахустин истгоҳи пахши барномаҳо дар пойтахти ҷумҳурӣ ба фаъолият сар кард, ки дар мавҷи мутавассит кор мекард. 
10 – уми апрели соли 1930 дар таърихи радиошунавонии Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст, зеро нахустин маротиба дар ҳамин рўз садои радио бо ибораи «Диққат, диққат, диққат, ин ҷо Сталинобод» аз собиқ Хонаи деҳқон – макони театри имрўзаи ба номи Маяковский дар фазои пойтахти Тоҷикистони ҷавон танин андохт. Аввалин кормандони радиои ҷумҳурӣ инҳо буданд: Мўъминов Рўзӣ – аз   1 — уми феврали соли 1932 то 21 – уми июли соли 1933 ба ҳайси раиси кумита ифои вазифа намуда аст. Сулаймон Зоҳиров нахустнаттоқи радио ба забони тоҷикӣ, Қосим Самаров- нахустнаттоқи радио ба забони ӯзбекӣ, Ҳаким Шарифов, Сайдалӣ Бурҳонов,  Қосим Дайламӣ- нахустин кормандони радиои ҷумҳурӣ, Музаффара Рустамова- аввалин наттоқи радио аз миёни бонувони тоҷик, Агрепина Ржевская аввалин наттоқ, ки барномаҳои радиои ҷумҳуриро ба забони русӣ қироат намудааст. Арон Глуховский ва Алексей Гарамов аз аввалин кормандони эҷодии радио, ки ба забони русӣ бештар барномаҳои сиёсӣ таҳия менамуданд. Михаил Мишин ва Евгений Герасимов нахустин кормандони техникии радиои ҷумҳурӣ буда, Солеҳ Вафоев корҳои молиявию хоҷагии кумитаро ба уҳда доштааст. Аз рўи асноди бойгонӣ дар баробари 13 нафари зикршуда саҳми оҳангсоз Мухтор Ашрафӣ низ барои рушди радиои миллӣ назаррас аст.
Ҳукумати Тоҷикистон ба ташаккули радиои миллӣ таваҷҷуҳи хос мекард, зеро мардум ба матбуот камтар дастрасӣ доштанд. Радио воситаи муҳимтарини тарғиби идеологияи давлату ҳизб ба шумор мерафт. Бино ба иттилои шуъбаи радиои Раёсати алоқаи Тоҷикистон то соли 1934 дар ҷумҳурӣ 24 радиоузели дорои иқтидори умумии 306 ватт ва 2550 нуқтаи радио мавҷуд буд. Алоқаи марказии пойтахт дорои 502 нуқта буд, ҳол он ки имкони хизматрасонӣ ба 3000 нуқтаро дошт. Мувофиқи маълумоти «Донишномаи Душанбе»  соли 1934 танҳо дар Душанбе 600 нуқтаи радио ба қайд гирифта шуда буд. Бо супориши Раёсати марказии радиошунавонии назди СКХ-и ИҶШС соли 1936 лоиҳаи бунёди маҷмааи радиошунавонии шаҳри Душанбе мураттаб ва бо ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон мувофиқа шуд. 
16-уми октябри соли 1949 идораи барномаҳои бурунмарзии радиои Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кард. Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Шўравии Тоҷикистон яке аз  нахустин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ буд, ки дар он  идораи барномаҳои бурунмарзӣ   таъсис ёфт. Солҳои аввал барномаҳо ҳар рўз ба забони тоҷикӣ (дарӣ) 15 дақиқа ва ба форсӣ 15 дақиқа — ҷамъ ним соат пахш мешуданд. Дар мавзўъҳои муҳими рўз шарҳу тафсир, гузоришу мусоҳибаҳо пахш мешуданд. Олимони маъруф Ҳилол Каримов ва Шарифҷон Ҳусейнзода бо ҳайати эҷодии идора робитаи қавӣ дошта, ба ҳайси мушовир самти фаъолияти  кормандонро муайян мекарданд, забону услуби барномаҳоро таҳлил намуда, барои пурмўҳтаво шудани онҳо  маслиҳатҳои судманд медоданд. Шарқшиносони маъруфи шўравӣ Александр Болдирев, Иосиф Брагинский, Андрей Бертелс, Михаил Занд, Олга Смирнова,  Евгений Примаков ва дигарон низ бо идораи гуфторҳои бурунмарзӣ ҳамкорӣ кардаанд. Бо тақозои замон ҳаҷми барномаҳо афзуда, соли 1958 барномаҳои бахши дарӣ ба як соат ва форсӣ ба ним соат расиданд. 
Соли 1948 дар Тоҷикистон маҷмааи радиоӣ ташкил шуд; имкони алоқа бо марказҳои вилоят, шаҳр, ноҳияҳо муҳайё шуд, алоқаи телеграфӣ бо Маскав ва қисмати шарқии вилоятҳои ИҶШС, аз ҷумла Новосибирск ва Хабаровск  роҳандозӣ шуд. Соли 1952 дар ҳудуди истгоҳи ирсол иншооти махсус бунёд гардид. Он аз  иморати техникӣ, ки дар паҳлўи мавҷгири баландияш  125 метр сохта шуд, иборат буд. Дар болои мавҷгир таҷҳизот ва мавҷгирҳои самтноки гуногун барои таъйини нобудсозии мавҷҳои хориҷӣ ва зарарнок ба идеологияи ИҶШС, барномаҳои зиддишўравӣ, барномаҳои радиоҳои хориҷӣ барои ҷумҳуриҳои шўравӣ насб гардиданд. Ҳамчунин дар бинои нав 13 фиристандаи навъи КВ бо иқтидори 5 кВт бо комплекси мавҷгирҳо ба кор андохта шуданд. Бо мақсади тарғиби идеологияи шўравӣ ва тавассути барномаҳо таъсир расонидан ба мафкураи мардуми хориҷӣ, бахусус Шарқ (Ҳиндустон, Покистон, Чин) ва Ғарб (Чехословакия) ва дигар давлатҳои ҷаҳон (Куба) соли 1950 Қарори Ҳукумати ИҶШС дар бораи дар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ бунёди иншоотҳои калони радиоӣ  ба тасвиб расид. 15-уми феврали соли 1950 Сарраёсати радиоалоқаи Вазорати алоқаи ИҶШС лоиҳаи бозсозии Маркази радиоии Сталинободро мураттаб кард. Ҳамчунин тадбирҳои иловагӣ бобати навсозии воситаҳои техникӣ, насби фиристандаҳои кўтоҳ, маҷмааи мавҷгирҳои самтнок ба роҳ монда шуд. Дар асоси Қарори тасдиқшудаи ШВ ИҶШС аз 21-уми январи соли 1953 дар ҳайати иншооти 707/206 зерсохторҳои зерин- истгоҳи ирсол, истгоҳи қабул, хати таъмини неруи барқи 35 кв, хати кабели алоқаи истгоҳи радиоӣ, шаҳраки истиқоматӣ ворид буданд. Истгоҳи ирсол солҳои 1953-1955 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, яке аз иншоотҳои муҳимтарини Иттиҳоди Шўравӣ маҳсуб мешуд. Дар ду иншоот фиристандаҳои дорои иқтидори 150 кВт ва дигарӣ дорои 12 иқтидори мавҷҳои кўтоҳ насб гардид. Насби системаи нави мавҷгирҳо барои фиристандаи «Иней» имкон дод, ки аз мавҷҳои радиоҳои хориҷӣ пешгирӣ шавад. 
Дар замони истиқлол ва давраи гузариш радиои Тоҷикистон чун воситаи муқтадири иттилоотӣ дар бозори расонаии мамлакат нақши пешгом дорад. Солҳои аввали истиқлолияти кишвар ба ҷанги шаҳрвандӣ рост омад. Дар ин муддат  радио таҳаввулоту тағйироти зиёдеро аз сар гузаронд. Моҳҳои май-ноябри соли 1992 чун дигар сохторҳои давлатӣ радио ва телевизион ҳам ба назорати  мухолифин даромада,   чун яроқи муҳими таъсиррасон ба афкори ҷомеа истифода шуданд. Муддате ҳукумат дар дохили ҳукумат буд, ки радио дар гуфторҳояш воқеиятро ба таври худ шарҳу эзоҳ дода, мардумро ба гурўҳҳо тақсим намуда буд. Дар ҳамаи гуфторҳо-иттилоотӣ, сиёсиву иқтисодӣ, адабиву фарҳангӣ сиёсати ҳукуматро бо ҳар роҳ мавриди мазаммату сарзаниш қарор дод. Барномаҳо характери сиёсиву динӣ  ва мотамӣ пайдо намуданд. Нуфузи ходимони дин афзуд ва ҳамарўза се маротиба азони намоз аз тариқи радиои Тоҷикистон пахш мешуд. Радио мардумро ба ду гурўҳ-озодихоҳу меҳанфурўш тақсимбандӣ намуда буд. 
Баъди дигар шудани роҳбарияти кумита оҳангу шеваи гуфторҳо тамоман тағйир хўрд. Дар муддати кўтоҳ авзои ҷомеа дар Тоҷикистон дигаргун шуд. Дигаргуниву таҳаввулот ба радио низ таъсир мерасонд. Барномаҳои наве, ба мисли барномаи сиёсиву адабии «Хоки Ватан» ба вуҷуд омад ва дар тарғибу ташвиқи дўстиву рафоқат, бародариву ба ҳам омадани тоҷикон хидмати шоистаеро ба субут расонд. Барномаи «Хоки Ватан» аз соли 1993 то моҳи декабри соли 1996 беш аз 800 маротиба садо дод.  Ҳангоми тадқиқоти бойгонӣ маълум шуд, ки тавассути барномаи мазкур зиёда аз  60  ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба хешу ақрабои худ муроҷиат намудаанд (шояд зиёдтар ҳам бошад),  50 ҳазор нафар аз Афғонистон ба пайвандон ва ҳамдиёрони худ номаву паём фиристодаанд. Бо таъсири ҳамин барнома беш аз 600 ҳазор нафар гурезаи иҷборӣ ба Ватан баргашт. Беш аз 100  ҳазор нома қироат ва ё ба мазмуни онҳо ишорат гардида, 150 мусоҳиба бо намояндаҳои созмонҳои байналхалқӣ ва комиссиюни СММ оид ба умури паноҳандагон, 750 суҳбату мусоҳиба бо намояндаҳои мақомоти гуногуни Ҳукумати Тоҷикистон, 400 гузориш (аз ҷои воқеа), 800  гузориш аз маросими истиқболи фирориён ва вазъи рўзгори онҳо дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, беш аз 750 суҳбату мусоҳиба бо намояндаҳои илму адаб,  50 мухбирнома, 38 хитобаву муроҷиат, 30 баёния, 12 изҳорот  пахш шудааст. Ҳамин тариқ, гурезаи охирин 16- уми ноябри соли 1997 ба Ватан баргашт ва барномаи «Хоки Ватан» низ рисолати таърихии худро ба субут расонд ва Тоҷикистон ба марҳилаи нав- марҳилаи созандагӣ ва бунёдкорӣ қадам гузошт. 
Дар замони истиқлол баррасии масъалаҳои худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ ба самти муҳимтарини кори радио табдил шуд. Барномаҳои калонҳаҷми «Маҳфили шоҳномахонӣ» (221 гуфтор), «Маснавии Маънавӣ» (99 гуфтор), «Озодазодагон» (100 гуфтор), «Фарзонафарзандони ориёӣ» (14 гуфтор),силсилаи «Хонишҳои адабӣ» аз рўи асарҳои Б. Ғафуров «Тоҷикон» (224 гуфтор), С.Айнӣ «Ёддоштҳо» (112 гуфтор) ва ашъори ватанхоҳонаи М. Турсунзода «Дар ошёни дилҳо» (30 гуфтор) барои зина ба зина тақвият ёфтани рўҳияи худшиносии ҷомеа замина мегузоранд. Дар барномаҳои радиои замони истиқлол дар баррасии масоили худшиноиву худогоҳии миллӣ дидгоҳи нав ба мушоҳида мерасад ва  нақши публитсистикаи таърихӣ фаъол гардид.   
1-уми июни соли 2007 тамоми шабакаҳои радиои Тоҷикистон бо техникаи рақамӣ муҷаҳҳаз гардиданд, фарогирии минтақаи пахш ба 70% расонида шуд, дар заминаи шабакаҳои «Фурўғи Ориёно» ва  идораи барномаҳои бурунмарзӣ радиои «Овози тоҷик» ва радиои «Фарҳанг» ба кор сар кард. Шабакаи аввал имрўз бо номи радиои «Тоҷикистон» амал намуда, пурра ҷанбаи миллӣ пайдо кардааст. Соли 2009 шабакаҳои  «Садои Душанбе» ва «Овози тоҷик» ба пахши шабонарўзӣ гузаштанд. Ҳоло миқдори шабакаҳои радиои марбут ба кумита ба чор адад мерасад. Онҳо дар як шабонарўз бо ҳашт забон дар ҳаҷми 96 соат барнома пахш намуда, афкори ҷомеаро ташаккул медиҳанд. 
Қонун ва санадҳои дар замони истиқлол қабулгардида, агар аз як тараф, барои дар низоми нав фаъолият намудани ВАО-и Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи ҳуқуқӣ ба вуҷуд оварда бошанд, аз ҷониби дигар, аз миён рафтани яккаҳизбӣ боиси он шуд, ки ҳизбу созмонҳои нав арзи ҳастӣ намоянд, шаклҳои нави моликият зуҳур кунанд. Демократия, ки рукни асосияш озодии расонаҳост, ба гуногунандешӣ роҳ кушод. Ҳизбу созмонҳои нави сиёсиву ҷамъиятӣ барои тарғиби ақида ва идеяҳои худ ба расонаҳои нав ниёз доштанд. Ин омилҳо боиси он шуд, ки дар журналистикаи тоҷик чун дигар ҷумҳуриҳои соҳибистиқлол таҳаввулоти куллӣ ба миён ояд ва он аз системаи умумишўравӣ раҳо гардида, ҷанбаи миллӣ касб кунад. Дар радиои замони истиқлол тағйироти мавзўӣ, жанрӣ, сифатӣ ва миқдорӣ ба амал омад.
Дар даврони истиқлол низоми нави расонаҳои Тоҷикистон ба вуҷуд омад. Дар баробари шабакаҳои радиои давлатӣ, инчунин шабакаҳои ғайриҳукумативу хусусии «Тироз», «Азия плюс», «Ватан», «Ориёно», «Имрўз» ғ. амал мекунанд. Радиоҳои маҳаллии «Авис Плюс» (ш. Истаравшан), «Пайванд»  (ш.Хуҷанд), «Садои Хуҷанд» (ш. Хуҷанд), «Садои Панҷакент» (ш. Панҷакент), «Замон» (ш. Ғафуров), «Исфара» (ш.Исфара), ки ба системаи радиоҳои хусусиву ҷамъиятӣ дохил мешаванд, падидаи замони истиқлол буда, дар мукаммалсозии фазои расонаии мамлакат нақш мебозанд. Ҳадафи асосии аксари онҳо таъмини аудитория бо хабар ва пахши мусиқии муосир аст. Аз лиҳози формат ҳамаи радиоҳои ғайриҳукуматӣ ахбору мусиқӣ, ахбору тиҷоратӣ, мусиқӣ ва ё хабарӣ мебошанд. 
Дар замони истиқол бозори расонаии мамлакат ташаккул ёфт. То соли 2011 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 44 адад ташкилоти радиотелевизионӣ амал мекард. Аз ин миқдор, телевизионҳои давлатӣ 9 адад, ғайридавлатӣ 19 адад (аз ин миқдор 5 адад телевизиони ноқилӣ), радиои давлатӣ 7 адад ва шумораи радиоҳои ғайриҳукумативу хусусӣ ба 9 адад (ҳамагӣ 28 радиову телевизиони хусусӣ) мерасанд. Дар соли 2015 ҳамагӣ дар Тоҷикистон 70 адад ташкилоти радиотелевизионӣ амал мекунад. Аз ин миқдор телевизионҳои давлатӣ 9 адад, телевизионҳои ғайриҳукуматӣ 31 адад, радиоҳои давлатӣ 10 адад ва радиоҳои ғайридавлатӣ 20 ададро ташкил медиҳанд. Ҳамаи ин расонаҳо новобаста ба шакли моликият дар ҳамбастагӣ барои комилсозии фазои иттилоотии мамлакат мусоидат менамоянд.
Ҳамин тавр, радиои Тоҷикистон дар замони муосир ба як дастгоҳи муқтадири иттилоотии мамлакат табдил ёфта, дар он дастаи калони ходимони эҷодиву техникӣ фаъолият доранд, ки ҳамарўза садҳо барномаҳои гуногунжанру гуногунмуҳтаворо таҳия менамоянд. Барномаҳои шабакаҳои ин расонаи умумимиллӣ ба қишрҳои гуногуни ҷомеа- кўдакону наврасон, ҷавонон, олимон, аҳли адаб ва бознишастагон нигаронида шуда, доираи фарогирии он миллионҳо нафарро ташкил менамояд. Дар замоне ки ҷангҳои иттилоотиву набардҳои расонаӣ ҷомеаи муосирро такон дода, ВАО тавассути маълумоти дурӯғ низоми босуботи баъзе давлатҳоро барҳам мезананд, ҷомеа ба ВАО- и электронӣ, бахусус радио ниёзи бештар пайдо мекунад, зеро дар шароити Тоҷикистон, ки аксари манотиқи онро кўҳҳо ташкил медиҳанд, дастрасии аҳолӣ ба ин расона бештару осонтар мебошад. Аз ҷониби дигар, радио ба ҷузъи рўзгори мардум табдил шудаву ҷомеаи муосирро бе он тасаввур кардан нашояд. Дарвоқеъ, радио ҳамсафару ҳамрози ҷомеа, мўниси мардум ва гузашта аз ин расонаи зиндагист. 
Саидмуроди Хоҷазод,
номзади илмҳои филология

Апрель 7, 2015 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз рӯйи ихтисоси забони чинӣ 352 нафар таҳсил менамоянд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ду ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
ҚОНУНИ МИЛЛӢ ДАР ТАҲРИРИ НАВ ҚАБУЛ ГАРДИД. Акнун тарбияи кӯдак аз ҷониби се ниҳоди иҷтимоӣ — оила, мактаб ва ҷомеа амалӣ мешавад
Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Чӣ тавр метавонем дар Узбекистон бо интернет қарор дошта, чандин маротиба камтар маблағ сарф кунем
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУБОНӢ». Дар шаҳри Норак Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода нақшаи даъват пурра иҷро гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!». Таҳти чунин унвон ҳафтаи худидоракунӣ гузаронида мешавад
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои самараноки «Пардохти ҳушманд» ҷаласаи корӣ баргузор шуд