Роҳҳои Айнӣ-Панҷакент таъмир мешаванд

Апрель 4, 2015 09:39

Панҷакент, 04.04.2015. (АМИТ «Ховар»,  Гулбаҳори Худойбердӣ).-Се сол инҷониб  мутахассисони ширкати роҳу пулсозии «Синзян — Бейсин»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳамдастӣ бо машваратчиёни Олмон дар тадбиқи лоиҳаи роҳи мошингарди Айнӣ — Панҷакент фаъолияти муштарак доранд. Барои таҷдиду навсозии ин роҳ 115,3 миллион доллари амрикоӣ ҷудо гардидааст.  Аз маблағи ҷудошуда 100 миллиони онро гранти Бонки Осиёии рушд ташкил медиҳад. Феълан роҳи Айнӣ — Панҷакент Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз тариқи шаҳри Панҷакент пайваст менамояд.
Ҳоло дар роҳи Айнӣ-Панҷакент (роҳ 112,7 километр дарозӣ дорад) корҳои ҳамворкунӣ ба итмом расида, мумфаршкунии он идома дорад. Тибқи нақша бояд, ки корҳои мумхобонӣ дар ин роҳ то сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба анҷом  расанд. Роҳи мошингард аз чор хати ҳаракат иборат буда, дар асоси муқаррароти сатҳи байналмиллалӣ татбиқ мешавад. Корҳо дар ин мавзеъ дар ду баст ба роҳ монда шудаанд. Дар айни ҳол таҷдид намудани роҳ дар километри 29-32, 34-35, 59-64 ва  92-94-и маркази шаҳри Панҷакент идома дорад..
Феълан 192 техникаи роҳсозии муосир ба кор сафарбар шуда, 112,7 километр роҳи асосӣ,  60 километр роҳҳои маҳаллӣ,  ки солҳо боз таъмирталаб  буданд, дар давоми солҳои охир навсозӣ гардида, роҳҳои маҳаллии ҳудуди шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ таъмир мегарданд. Аз оғози кор инҷониб 360 нафар коргару мутахассис дар қитъаҳои гуногуни роҳ ба кор ҷалб шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар роҳи Айнӣ-Панҷакент соли 2012 оғоз гардида, дар баробари корҳои бунёдкорӣ ҳаракати нақлиёт баста нашудааст. Роҳи мошингарди  Айнӣ- Панҷакент бо паҳноии 8-12 метр идома карда, паҳноии он дар шаҳри Панҷакент ба 20 метр расонида шудааст, ки ба рафтуомади ҳама намуди нақлиёти мусофирбару боркаш мусоидат мекунад. То ба имрӯз 65 дарсади маблағҳои пешбинигардида аз худ шуда, вусъати корҳои роҳсозӣ тибқи лоиҳа дар муҳлати муайянгардида бояд ба анҷом расонида шавад. Тибқи нақша бояд дар ин лоиҳа 31 пул бо масофаи умумии 884 метр ва ҳоло 40 дарсади корҳои пулсозӣ анҷом ёфтаанд. Ба иттилои масъулон то ба имрӯз 92 дарсади корҳои сангу шағал, 90 дарсад корҳои васеъкунии ҷода ва инчунин 73 фоизи  дарсад қирпӯшкунии қабати якуми роҳ ва 48 фоизи қирпӯшкунии қабати дуюми роҳ  Панҷакент – Айнӣ- сарҳади Ӯзбекистон ба анҷом расидаанд.
 

Апрель 4, 2015 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид