Роҳҳои ислоҳи буҳрони маънавии ҷомеа
Кӯлоб,18.04.2015. (АМИТ «Ховар», Фарҳоди Мадамин).- Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва ҳамоҳангии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр дар маҷлисгоҳи Мактаби президентӣ ҷамъомади калон таҳти унвони «Буҳрони маънавии ҷомеаи муосир, омилҳои таъсиррасон ва роҳҳои ислоҳи он» баргузор гардид, ки дар он иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Хайруллои Амонулло оид ба ин мавзӯъ чунин гуфт: «Бузургтар шудани хатари терроризм ва экстремизм аз ҷониби гурӯҳҳои тундрав моро водор мекунад, ки миёни мардум корҳои оммафаҳмониро зиёд кунем ва сари андешаҳои ватанпарварона муттаҳид шавем. Дар тӯли се моҳи охир бори шашум аст, ки мо бо ҷавонон сари ин мавзӯъ суҳбат менамоем. Зиёда аз ин, дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб нақшаи таъсиси гурӯҳҳои корӣ таҳия шудааст, ки дар он намояндагони мақомоти иҷроия, сохторҳои қудратӣ, олимону донишмандон, шахсони обрӯманд ва аҳли зиё шомил буда, дар шаҳру деҳоти Кӯлоб бо мардум вохӯриҳо анҷом медиҳанд. Таърих гувоҳ аст, ки моро якдиливу ягонагӣ аз муҳликтарин вартаҳо раҳонидааст ва имрӯз низ бидуни ягон таҳлука бояд атрофи ғояҳои ватанпарваронаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муттаҳидтар шавем ва Ватани худро аз ҳама газандҳои олам эмин дорем».
Дар вохӯрӣ раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева, раиси ҷамъияти «Пайванд» дар шаҳри Кӯлоб Зафари Мирзоён, шоира Хосият Вализода ва сархатиби минтақаи Кӯлоб Ҳайдар Шарифзода атрофи арзишҳои миллӣ ва суботи ҷомеа сухан намуда, аз аҳли нишаст, ки бештарашонро ҷавонон ташкил медоданд, даъват ба амал оварданд, ки ба арзишҳои миллӣ арҷ гузоранд ва ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро шомил нашаванд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






