Робитаҳои тиҷоратии Туркия ва Тоҷикистон густариш меёбанд
Душанбе,14.04.2015.(АМИТ “Ховар”).- 13 апрел раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо сафири Туркия дар Тоҷикистон Меҳмет Мунис Дерик мулоқот анҷом дод. Бино ба иттилои ПСС ҶТ, ҷонибҳо масоили рушди равобити иқтисодию тиҷоратии байни Тоҷикистону Туркияро мавриди муҳокима қарор доданд. Раиси ПСС ҶТ омодагии худро ба ташкили муколамаи мустақими байни саноатчиёну соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркия иброз дошт. Шариф Саид ҳамчунин ба сафир пешниҳод намуд, ки ба иштироки соҳибкорони бахши саноати сабуки Туркия дар кори намоишгоҳи байналмилалии “ ИНТЕРЛЕГПРОМ – 2015” , ки дар нимаи аввали моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, мусоидат кунад. Сафири Туркия дар навбати худ зикр намуд, ки ширкатҳои асосии Туркияро барои иштирок дар кори намоишгоҳи байналмилалии “ИНТЕРЛЕГПРОМ – 2015” дастгирӣ хоҳад кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






