Робитаи Кумитаи ҷавонон бо ҷомеа мустаҳкам мегардад
Душанбе, 02.04.2015.-(АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).- Аз 31 марти соли равон фармоиши нави раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода Оид ба фаъолияти кумита дар соҳаи танзими робита бо ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати таблиғи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба тавсиб расид, ки минбаъд робитаи Кумита бо ҷомеаро боз ҳам мустаҳкам менамояд.
Ин иқдом бо мақсади танзими робитаи хизматии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо ҷомеа, инчунин ба таври васеъ ва мутобиқ ба талаботи қонунгузорӣ тавсеа бахшидани таблиғоти сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ рӯи даст гирифта шудааст .
Барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани инъикос ва таблиғи фаъолияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ сомонаи интернетии он аз нав барномасозӣ мешавад. Бахши таҳлилу иттилоот доир ба чорабиниҳои баргузорнамудаи Кумита дар самти ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ки аҳамияти ҷамъиятӣ доранд, хабарҳои фишурда омода ва дар сомонаи он ҷойгир месозад. Ин фармоиш ба Бахши таҳлилу иттилооти Кумита имконият медиҳад, ки барои наворгирӣ, аксбардорӣ ва омода кардани хабарҳо тибқи талаботи қонунгузорӣ ва бо истифода аз технологияи муосир иштироки ихтиёриён (волонтёрон)-ро ҷалб намояд.
Лозим ба ёдоварист, ки сомонаи расмии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи ҷаҳонии интернет дар суроғаи www.youth.tj ҷойгир буда, бештар доир ба ҳаёти ҷавонон хабарҳо пахш месозад.
Дар ин бора Наврўз Қурбонзода, мутахассиси пешбари бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар дод.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






