«Родмардони Ватан» бахшида ба 70-солагии Ғалаба
Душанбе, 30.04.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бахшида ба 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҳти унвони «Родмардони Ватан» фестивали минтақавии театрҳои халқӣ ва ҳаваскорони санъат ҷараён дорад. Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсади фестивал баланд бардоштани нақши театрҳои халқӣ ва маҳфилҳои драмавии шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, ҳисси ифтихор аз қаҳрамонони насли калонсол, дарёфти истеъдодҳои нав, баланд бардоштани қадру манзалати театрҳои халқӣ ва дастаҳои ҳаваскорони санъат дар мамлакат мебошад.Даври ҷамъбастии фестивал аз 4 то 9 май доир мегардад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






