Рушди равобити иқтисодии байни ҶТ ва ИМА
Душанбе,20.04.2015 (АМИТ «Ховар» Кристина Эрлих).- Рӯзи ҷумъаи гузашта вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ва сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан М. Эллиотт масъалаи рушди равобити иқтисодии байни Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро мавриди муҳокима қарор доданд.
Назар ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, дар ҷараёни мулоқот масоили вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвар, таъмини суботи макроиқтисодӣ, роҳандозии ислоҳоти иқтисодӣ, афзун намудани неруи содиротии кишвар ва фаъолияти ширкатҳои амрикоӣ дар ҶТ баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки ҳамкории бисёрҷонибаи байни ҳарду кишвар ба таври судманд рушду густариш меёбад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






