САҲА суботи сиёсии Осиёи Марказиро дастгирӣ мекунад
Душанбе, 03.04.2015. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абубакр).- «САҲА ҳамчун созмон кӯшиш менамояд, ки суботи сиёсии Осиёи Марказиро дастгирӣ намояд. Камина имсол ба ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар карданиам», — гуфт раиси амалкунандаи Созмони амнияту ҳамкорӣ, муовини аввали сарвазир, вазири корҳои хориҷии Сербия Ивитса Дачич баъди мулоқот бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Ивитса Дачич иброз дошт, ки мақсади асосии САҲА расонидани ёрӣ ба коҳиш додани вазъи минтақа ва ҳалли масоили кушодаи байни кишварҳои минтақа аст. Ба гуфтаи ӯ, бояд масъалаҳои муҳими марбут ба идораи захираҳои об, энергетика, ҳифзи сарҳадҳои наздик бо Афғонистон ҳал карда шаванд.
«САҲА бояд шарики кишварҳои Осиёи Марказӣ дар таҳкими амнияту субот, густариши муносибатҳои ҳамаҷониба буда, набояд ба корҳои дохилии ин кишварҳо дахолат кунад, — афзуд И.Дачич.
Раиси САҲА дар мавриди муносибатҳои дуҷонибаи байни Сербия ва Тоҷикистон иброз дошт, ки онҳо ду давлати дӯст буда, бояд сатҳи муколамаи сиёсиро густариш диҳанд, табодули ташрифот дар сатҳи баландро рӯи кор оранд, муносибатҳои иқтисодиро, ки имрӯз бо дарназардошти муомилоти мол дар сатҳи пасттарин қарор доранд, ривоҷ диҳанд. «Имрӯз барои рушди ҳамкории дуҷонибаи муштарак имконоти кофӣ вуҷуд дошта, мо дар ин арса ҳамаи чораҳои имконпазирро мебинем», гуфт дар хотима И.Дачич.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






