Саҳми ҷанговарони тоҷикободӣ дар корзорҳои зидди фашистон
Душанбе,25.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар ноҳияи Тоҷикобод чун дар дигар манотиқи кишвар барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 омодагӣ ҷараён дорад. Дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия аз ҳисоби хонандагони фаъол гурӯҳҳое ташкил шудаанд, ки оид ба рӯзгори мардуми ноҳия дар замони ин ҷанги хонумонсӯз ва корномаҳои ҷавонони тоҷикободӣ дар майдони набард маълумот ҷамъ овардаанд. Дар синфхонаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия газетаҳои деворӣ ба чашм мерасанд, ки маводи онҳо мавзӯи корномаи ҷанговаронро дар бар мегирад.
Тибқи иттилои роҳбари Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Абдусамад Идрисов дар солҳои ҷанг ноҳияи Тоҷикобод бо номи Қалъаи Лаби об маъруф ва тобеи вилояти Ғарм буд. Аз Қалъаи Лаби об 3500 нафар ҷавони ватандӯст ба ҷанг рафт. Аз майдони ҷанг 1700 нафар барнагашт. Танҳо соли 1943- юм 394 нафар ҷанговари тоҷикободӣ дар корзори зидди фашистон қурбон шуд.
Аз 63 нафар Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон, ки танҳо 14 нафари онҳо тоҷик ҳастанд, ду фарзанди ҷасури ноҳияи Тоҷикобод — Ҳайдар Қосимов ва Қудрат Қаюмов ба ин унвони олӣ сазовор гардиданд. Қудрат Қаюмов ҳангоми иҷрои супориш қаҳрамонона ҳалок гардид. Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ Ҳайдар Қосимов баъди ба анҷом расидани ҷанг ба ноҳияи Вахш баргашт ва то охири умр дар ободонии кишвари азизамон саҳм гузошт.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






