Садамаҳои нақлиётии маргбор дар роҳҳои кишвар
Душанбе, 11.04.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дирӯз ронандаи мошини тамғаи “KIA Gadenza ”, зани 43-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Қаратоғ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон: марди 39-сола, сокини ноҳияи Шаҳринав ва марди 30-сола, сокини шаҳри Турсунзодаро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагардон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, яке дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, пиёдагарди дигар дар беморхона бистарӣ гаштааст. Дар ин бора ВКД ҶТ иттилоъ медиҳад.
Сарчашма хабар медиҳад, ки дар ин рӯз ҳамчунин ронандаи мошини тамғаи “ Damas ”, марди 52-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, ба мошини тамғаи “ Opel Astra ”, таҳти идораи ронандаи 26-солаи сокини ноҳияи Айнӣ бархӯрдааст.
Дар натиҷа мусофири мошини тамғаи “ Damas ” — духтарчаи хурдсол, соли таваллудаш 2013, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






