Сафари ҳунарии «Гулшан» дар Суғд
Душанбе,03.04.2015 (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29- уми март то 8-уми апрели соли ҷорӣ дар вилояти Суғд бори нахуст барномаи консертии Оркестри давлатии эстрадии «Гулшан» баргузор мегардад.
Барномаи консертӣ бидуни фонограмма буда, дар шаҳру ноҳияҳои Ғончӣ, Исфара, Чкаловск, Б. Ғафуров, Ҷ. Расулов ва Конибодом бо ҳунарнамоии роҳбари бадеии Оркестри «Гулшан», Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон — Бахтиёр Иброҳимов, инчунин бо иштироки Суруш Холов, Сарвиноз Ақназарова, Ховар Муродов, С.Сангинов, С.Раҷабов ва дигарон пешкаш хоҳад шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






