Сафари тими Тоҷикистон оид ба кудо ба Маскав
Душанбе,15.04.2015 (АМИТ “Ховар”, Манижа Баҳромзода).-Рўзҳои 18 ва 19-уми апрели соли равон дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия мусобиқаи кушода оид ба кудо доир мегардад. Аз Федератсия Кудо ва К-1-и Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар назар аст дар мусобиқаи сатҳи олӣ варзишгарони тоҷик, аз ҷумла Бобоҷон Маҳмадаминов, Лутфулло Маҳмудов ва Давлат Болтаев ширкат намуда, ҳайати тими Тоҷикистонро Шерзод Нормуродов ва Фарҳод Муртазоев роҳбарӣ намоянд. Бояд тазаккур дод, ки нахустин маротиба дар чемпионати ҷаҳон Беҳзод Нормуродов дар кишвари Ҷопон муаррификунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.
Дар ҷараёни мусобиқа ҳамчунин курсҳои бозомўзи миёни тими Тоҷикистон ва Русия доир мешаванд. Федератсия Кудо ва К-1-и Тоҷикистон бо вуҷуди навтаъсис будан аллакай якчанд мусобиқаро миёни варзишгарони наврас ва ҷавон дар Тоҷикистон баргузор намудааст ва дари чанд мактаби хешро ба рўйи ҳаводорон кушодааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






