«Саховат» аввалин шуда кишти пахтаро иҷро кард
Ҷиргатол, 16.04.2015 (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).-Деҳқонони хоҷагии деҳқонии «Саховат» бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ кишти пахтаро аввалин шуда иҷро карданд.
Тавре ки дар ин бора сардори раёсати кишоварзии шахри Вахдат Давлат Холиқов иттилоъ дод, бо кумаки раёсати кишоварзии шаҳри Ваҳдат хоҷагиҳои деҳқонӣ аз вилояти Суғд тухмии хушсифати пунбадонаи навъи «Ориён»-ро кишт карда истодаанд.
Ба гуфтаи мавсуф раёсати кишоварзии шаҳри Ваҳдат имсол кишти 500 гектар пахта, 600 гектар картошка ва 2363 гектар сабзавотро ба нақша гирифтааст, ки деҳқонон аз рӯзҳои офтобӣ истифода карда, дар майдони 120 гектар кишти пахта, 400 гектар картошка ва 433 гектар сабзавот кишт карданд.
Гуфта мешавад кишти зироатҳо феълан идома дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






