Сайди 28 тонна моҳӣ дар семоҳаи аввал
Душанбе, 11.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ дар моҳҳои январ-марти соли 2015- ум 521,1 ҳазор сомониро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014- ум 5,7 фоиз зиёд шудааст.
Бино ба иттилои сомонаи расмии раиси вилояти Суғд дар моҳҳои январ-марти соли 2015 дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилоят сайди моҳӣ 28 тоннаро ташкил намуд.
Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли моҳӣ намуди моҳии пешонағафси сафед — 13,4 фоиз, намуди зағорамоҳӣ — 8,3 фоиз, амури сафед — 4,4 фоиз, намуди суфмоҳӣ (судак) — 16,4 фоиз ва 57,5 фоизро дигар намуди моҳиҳо — ҷумҷумамоҳӣ, аспакмоҳӣ ва шамшермоҳӣ ташкил мекунанд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






