«Сайди маънӣ» дар ВКД ҶТ
Душанбе, 22.04.2015 (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки ҳайати шахсии мақомот сабти барномаи телевизионии «Сайди маънӣ» ба пешвози 700-солагии мутафаккир, олим ва файласуфи барҷастаи машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ доир гардид.
Дар чорабинии илмӣ-фарҳангӣ ровии барномаи мазкур донишманди шинохта, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон устод Сайдалии Саид, мушовири калони вазири корҳои дохилӣ Қудратулло Ғуломов, сардабири ҳафтаномаи ҳуқуқӣ-сиёсии «Қонун ва ҷомеа» Ҳасан Шерализода, сардори шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Ҳисор Эмомалии Умаралӣ ва ҳунарманди шинохта Абдулхайри Муъмин иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш донишмандони варзида аз ҳаёту эҷодиёти безаволи ин мутафаккири бузург ва суханвари беназир табодули афкор намуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






