Сайри осорхонавӣ бо иштироки ходимони илмӣ
Душанбе, 3.04.2015.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бо ибтикори Осорхонаи маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дирӯз вохӯрии муаллифони китобҳои дарсӣ ва олимони соҳаи педагогика Маҳмадулло Лутфуллоев, Убайд Зубайдов, Ғуломқодир Бобиев, Саидамир Аминов, Ирина Каримова, Саидбой Шербоев ва Саъдулло Неъматов бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 15, 55, 79 ва 65-и ноҳияи Шоҳмансур доир гардид. Дар вохӯрӣ омӯзгорон ва хонандагон ба суолҳои худ посухҳои муфид гирифтанд. Инчунин баъди анҷоми чорабинӣ бо ширкати онҳо сайри осорхонавӣ гузаронида шуд.
Қобили зикр аст, ки ҳадаф аз баргузории вохўрӣ мусоидат ба интихоби касб ва муайян намудани паҳлуҳои мушкилфаҳми китобу барномаҳои таълимӣ ҷиҳати дилпурона ширкат варзидани талабагон дар мавсими «Довталаб-2015» — қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ тавассути Маркази миллии тестӣ маънидод гардид.
Дар ҷараёни сайри осорхонавӣ ба саволҳои хонандагон ходимони илмии осорхона посух доданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






