Санаи чемпионати Осиё- 2016 оид ба футбол тағйир ёфт
Душанбе, 21.04.2015. (АМИТ Ховар, Рафоати Абдулҳамид).- Бо тасмими Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) таърихи баргузории марҳилаи интихобии қаҳрамонии футболи ҷавонони Осиё- 2016 (U-19) тағйир ёфт.Ба иттилои Маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон конфедератсияи футболи Осиё (AFC) таърихи баргузории марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19- соларо, ки сабқати ниҳоии он соли оянда доир мешавад, дигар кард.Қарор шуда буд, ки марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё- 2016 байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19- сола аз 2- юм то 10- уми октябри соли ҷорӣ баргузор шавад, аммо Конфедератсияи футболи Осиё тасмим гирифт, ки марҳилаи интихобӣ аз 28- уми сентябр то 6- уми октябри соли равон гузаронида шавад. Сабаби ба муҳлати пештар гузаронидани марҳилаи интихобӣ ба доир гардидани бозиҳои даври дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон- 2018 бо иштироки дастаҳои мунтахаби миллӣ рӯзҳои 8- ум ва 13- уми октябр бастагӣ дорад. Бояд тазаккур дод, ки қаблан Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) барои мизбонии марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё- 2016 байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19- сола ба Конфедератсияи футболи Осиё дархости расмӣ ирсол карда буд. Ҳамчун макони баргузории ин мусобиқа ФФТ Варзишгоҳи марказии Душанберо, ки 20 ҳазор ҷойгоҳ дошта, барои гузаронидани бозиҳои байналмилалӣ ба талаботи AFC ва FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) ҷавобгӯ мебошад, пешниҳод кардааст. Тасмими макони баргузории марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё- 2016 байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19- сола аз ҷониби AFC дар ояндаи наздик гирифта мешавад.Ёдовар мешавем, тими мунтахаби футболи ҷавонони то 19- солаи Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров моҳи марти соли равон дар доираи ҷамъомади таълимиву тамриниаш дар Анталияи Туркия якчанд бозии санҷишӣ анҷом дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






