Шаҳрвандони Тоҷикистон аз Яман бароварда шуданд
Душанбе, 06.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Марҳабои Азамат).- Аввалин 5 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки онҳоро Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи Русия аз пойтахти Яман ба ба шаҳри Маскав бурда буд, шоми рӯзи шанбеи гузашта озими шаҳри Душанбе шуданд, ки иборат аз 4 нафар калонсолон ва як кӯдак мебошанд.
Дар ин бора аз Сафорати ҶТ дар ФР хабар доданд.
Манбаъ зикр намуд ки дар байни гурӯҳи калони нафароне, ки аз Яман омадаанд, тоҷикистониёни табааи Русия ва онҳое низ ҳастанд, ки бо яманиҳо издивоҷ кардаанд. Бинобарин, онҳо хоҳиш намудаанд ки дар Федератсияи Русия бошанд.
“Дар ситоди Сафорати ҶТ дар ФР, ки роҳбарии онро Ашраф Гулов ба ӯҳда дорад, изҳор доштанд ки то давраи аз Яман баровардани шаҳрвандони мо тартиби навбатдории аъзои ситод ҷорӣ карда шудааст. Навбатдорон бо Маркази вазъияти фавқулоддаи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия робитаи доимӣ доранд. Вазъият бо ёрию дастгирии ҳамтоёни русиягӣ таҳти назорат қарор дорад.
Сафорат барои аз минтақаи ихтилофот баровардани ҳамдиёрони мо ҳамаи чораҳои заруриро мебинад”,- зикр намуданд дар хадамоти матбуоти сафорат.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






