Шумораи сайёҳон ба Тоҷикистон ду маротиба афзуд
Душанбе, 15.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се моҳи соли равон ҷиҳати босамар ва босифат мавриди амал қарор додани сиёсати давлатӣ дар соҳаи туризм ва беҳтар сохтани фазои фаъолият дар ин самти муҳими иқтисодӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Бино ба иттилои Наврӯз Қурбонов, мутхассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, дар семоҳаи аввали соли 2015 ба кишвар 73 685 нафар шаҳрванди хориҷӣ ташриф овард. Аз ин нишондод 63 ҳазору 320 нафараш ба ҳайси турист арзёбӣ омадааст.
Гуфта мешавад дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби 63 320 туристи хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат 31 млн 660 ҳазор доллари амрикоӣ маблағ ворид гаштааст.
Ёдрас мешавем, ки дар семоҳаи аввали соли 2014 ин нишондод 27207 туристи хориҷиро ташкил медод, ки ба иқтисодиёти мамлакат 13-миллиону 603 ҳазору 500 доллари амрикоӣ маблағ ворид гаштааст. Таҳлилҳо нишон додаанд, ки шумораи сайёҳон дар се моҳаи аввали соли 2015 нисбат ба ҳамин давраи соли 2014, 36 113 нафар зиёд мебошанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






