«Сирк дар об» тамошобини зиёд дорад
Душанбе, 28. 04. 2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Омадани ҳунармандони Сирки Маскав ба Тоҷикистон ва пешниҳод кардани як барномаи ҷолибу хотирмон далел аз он аст, ки имкон аст дар саҳнаи Сирки тоҷик намоишномаҳои сатҳи баландро ба тамошобин манзур кард.
«Сирк дар об» маротибаи нахустин аст, ки дар саҳна Сирки тоҷик намоиш дода мешавад. Теъдоди бинандагон бениҳоят зиёд буда, ҳар як баромад бо кафкӯбии беинтиҳо аз ҷониби тамошобин қабул мегардад, зеро воқеан сиркбозони рус малакаи баланди касбии худро истифода мебаранд.
Ҳамкории Сирки давлатии Тоҷикистон дар чанд соли охир бо ҳунармандони сиркҳои кишварҳои хориҷ боз ҳам мустаҳкамтар гардида, пешниҳоди омаду рафт ва таҳияи барномаҳои ҷолиб миёни ҳам беҳтар шудааст. Аз ҷумла, намоиши барномаҳои ҷолиби сиркбозони тоҷик аз мадди назар дур нест ва сафарҳои хизматии онҳо ба хориҷи дуру наздик афзудааст. Ҳоло як гурӯҳи сиркбозони тоҷик низ барои баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбӣ дар шаҳри Москва таҳсил доранд, ки барои рушди ин соҳа хеле саривақтист.
Гимнастёрҳо, дорбозон, масхарабозону раққосон ва ҳайвоноти ромшудаи ваҳшиву обӣ ва хазандаҳо низ аз уҳдаи иҷрои нақши худ бо чолокӣ мебароянд. Ороиши саҳна ва мусиқӣ низ бо усули хосса интихоб шуда, ба чашм хеле назаррабо менамояд.
Барномаҳои ҷолиби «Сирк дар об» то 24-уми май идома меёбанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






