Сохтмони аввалин бинои панҷошёна дар Восеъ
Кӯлоб, 25.04.2015 (АМИТ «Ховар» Сулаймони Хол).-Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти гуногуни маданию маишӣ- хизматрасонӣ ва биноҳои маъмурӣ вусъати тоза касб мекунанд. Дар баробари ин соҳибкорони маҳаллӣ бо дастгирии ҳокимияти давлатӣ ба сохтмони хонаҳои баландошёна шуруъ намуданд.
Соҳибкор Абдулазиз Қурбонов дар маркази ноҳия сохтмони аввалин бинои панҷошёнаи истиқоматиро оғоз намуд, ки мувофиқи лоиҳа дар ошёнаи аввали он маркази савдо ва хизматрасонӣ ва дар чор ошёнаи дигар хонаҳои истиқоматӣ бунёд мегардад. Хонаҳо аз 2 ва се ҳуҷрагӣ иборат мебошанд.
Ба қавли соҳибкор Абдулҳафиз Қурбонов дар айни замон корҳои заминӣ ба охир расида, рехтани таҳкурсии бино ва корҳои оҳану бетонӣ идома доранд. Соҳибкор ният дорад, ки баъди ба анҷом расидани бинои мазкур дар шафати он боз як бинои дигари панҷошёна бунёд намояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






