Сокини Рудакӣ бо гумонбари куштор дастгир шуд
Душанбе, 21.04.2015.(АМИТ “Ховар”, Муқаддас Темурзода).-Чанде пеш Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон нисбат ба сокини 22 -солаи ноҳияи Рудакӣ парвандаи ҷиноятӣ кушод.
Назар ба хабари ВКД ҶТ, 14 апрел мусофири 22- солаи мошини тамғаи “Opel Astra “ – сокини ноҳияи Варзоб, ки аз шаҳри Душанбе озими ноҳияи Ёвон шуда буд, ронандаи мошинро бо корд захмӣ карда худ ба самти номаълум ғайб зад.
Тавре ки ВКД ҶТ хабар медиҳад, ронандаи мошин аз ин амали бадкирдорона ҷароҳати вазнин бардошта, дар беморхона фавтид.
Кормандони шуъбаи якуми ВКД ноҳияи Рудакӣ ва Прокуратураи ноҳия барои муайян ва дастгир намудани шахсияти ҷинояткор амалиёти махсуси фавриро роҳандозӣ намуданд.
Аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






