Сомонаи Консулгарии фахрии Краснодар дар Тоҷикистон
Душанбе,23.04.2015 (АМИТ «Ховар» Марҳабои Азамат).- 22 апрел сомонаи Консулгарии Тоҷикистон воқеъ дар шахри Краснодари Федератсияи Русия (www.tajonsul-krasnodar.ru) вориди интернет гардид.
Тавре, ки аз сафорати ҶТ дар ФР ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, сомона иттилоотро дар бораи Тоҷикистон, Округи федералии ҷанубии ФР, самтҳои фаъолияти консули ҶТ, ҳамчунин ҷамоаи Тоҷикон дар ин минтақаи Федератсияи Русияро фаро мегирад. Дар сомона ҳамчунин маълумоти муфассал аз рӯи масъалаҳои консулгарӣ ҷойгир карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 27 ноябри соли 2014 дар Краснодар Консулгарии фахрии Тоҷикистон ба кор шурӯъ карда, Назибек Нағзибеков аввалин консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахри Краснодар таъин гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






