Созандагиву бунёдкорӣ дар Кўлоб
Кўлоб,11.04.2015. (АМИТ «Ховар», Фарҳоди Мадамин).-То имрўз дар шаҳри Кўлоб зиёда аз даҳ иншооти соҳибкорӣ мавриди истифода қарор гирифтааст. Аз ҷумла, дар шафати шоҳроҳи даромадгоҳи шаҳр Маркази хизматрасонии «Тоҳир» қомат афрохт, ки минбаъд ҳамаи намуди нақлиёти шахсиву мусофиркаш ва мошинҳои калонҳаҷми боркаш метавонанд аз ин марказ истифода баранд. Кормандони ин марказ омўзишро дар шаҳри Хуҷанд оид ба муоинаи нақлиёт, васли чархахо, тавозундарор ва дигар намудҳои хизматрасонии нақлиёт гирифтанд. Дар шафати ин марказ боз қаҳвахона, нуқтаи хӯроки сарироҳӣ ва мағозаи хўрокворӣ таъсис дода шудааст. Дар марказ зиёда аз 30 нафар бо ҷои кор таъмин гардид. Соҳибмулк Абдулло Самиев мақсад дорад, ки як гурўҳ ҷавононро барои омўзиш ба давлати Олмон оид ба таъмири мошинҳои хориҷӣ фиристад. Маркази мазкур ба таври шабонарўзӣ фаъолият менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






