Созишнома ба имзо расид
Душанбе, 30.04.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 28 апрел мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо директори лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба ширкати «UMBRIA EXPORT» — и Италиё Энзо Фалоччи баргузор гардид. Тавре ки аз маркази матбуоти ПСС ЧТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусоҳибон масоили ташаккули равобити тиҷоратӣ, табодули таҷриба ва имконоти марбут ба рушди соҳибкорию косибии занон дар Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд.Шариф Саид ва Энзо Фалоччи ба манзури расонидни ёрӣ ба созмону соҳибкорони Тоҷикистон ва Италиё ҷиҳати рушди равобити тиҷоратӣ ва густариши ҳамкории мутақобила созишномаи ҳамкориро ба имзо расониданд.Ҳуҷҷати мазкур дастгирии равобити байни соҳибкорон ва созмону ширкатҳои Тоҷикистон ва вилояти марказии Умбрияи Италиёро пешбинӣ менамояд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






