Спартакиадаи донишҷӯён дар Кӯлоб
Кӯлоб,18.04.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Марҳилаи дуюми спартакиадаи донишҷӯён дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон идома дорад. Мақсад аз баргузории спартакиада рушди варзиш миёни ҷавонону донишҷӯёни мамлакат ва мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат ба ҳисоб меравад.
Дар марҳилаи дуюми спартакиадаи вилоятӣ аз рӯи зиёда аз 10 намуди варзиши даставию инфиродӣ, варзишгарон дар ҳайати 7 даста аз донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳои шаҳрҳои Қурғонтеппаю Кӯлоб ва ноҳияи Данғара ширкат намуданд.
Бо дастгирии бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии минтақаи Кӯлоб ва раёсати донишгоҳу донишкадаҳо то имрӯз мусобиқаҳо аз намуди волейболу баскетбол байни духтарону писарон, гӯштини дзюдо ва самбою тенниси рӯи миз гузаронида шуд, ки дар онҳо беҳтарин варзишгарон ширкат варзида, дар баробари касб намудани ҷойҳои ифтихорӣ ба марҳилаи сеюми спартакиадаи донишчӯён роҳхат пайдо намуданд. Маврид ба ёдоварист, ки дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки донишҷӯёни донишгоҳҳои давлатии Кӯлоб ва Қурғонтеппа, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии Кӯлоб, Донишгоҳи давлатии Данғара ва дигар дастаҳо мусобиқаи тенниси рӯи миз баргузор гардид. Дар даври ниҳоии мусобиқа байни духтарон дастаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии Кӯлоб ҷои аввалро гирифта, ҷои дуюм насиби дастаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва ҷои сеюм насиби варзишгарони Донишгохи давлатии Данғара гардид. Мусобиқаи финалӣ байни дастаҳои писарона бо ғолибияти дастаи Донишгохи давлатии Кӯлоб анҷом пазируфт.
Дар фарҷоми мусобиқа аз ҷониби дастандаркорон ба ғолибон ифтихорнома ва туҳфаҳои бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии минтақаи Кӯлоб тақдим гардиданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






