ССКА «Помир» қувваозмоиро дар лигаи олӣ давом медиҳад
Душанбе,08.04.2015 (АМИТ «Ховар» ). Клуби футболи ССКА «Помир» -и шаҳри Душанбе, ки иштирокаш дар мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол шубҳаовар буд, дар мавсими нави футбол низ иштирок менамояд.
Рӯзи шанбеи гузашта мактуби вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо имзои Вазир Шералӣ Мирзо ба Федератсияи футболи Тоҷикистон расида буд. Дар он гуфта мешуд, ки клуби футболи ССКА «Помир» бинобар мавҷуд будани душвориҳои молиявӣ дар мусобиқоти Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ дар мавсими соли 2015 иштирок карда наметавонад.
Вале рӯзи душанбе ин қазияи клуби номбурда ба таври мусбат ҳал гардид. Сардори клуби футболи ССКА «Помир» Хабир Давлатов дар навбати худ ба Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ва роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки мушкилоти клубро фавран аз байн бурданд, изҳори миннатдорӣ намуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






