Суғд: «Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз нигоҳи бачагон»
Душанбе,10.04.2015 (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд 9- уми апрели соли ҷорӣ дар Раёсати маорифи вилоят таҳти унвони «Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз нигоҳи бачагон» даври вилоятии озмуни расми беҳтарини хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ бахшида ба ҷашни 70-солагии Ғалаба ҷамъбаст гардид.
Доварон аз байни 68 мусаввараи пешниҳоднамудаи хонандагони 13 шаҳру ноҳияи вилоят эҷодиёти хонандагони мактабҳои миёнаи №28-и шаҳри Хуҷанд, № 59-и шаҳри Истаравшан, №8-и ноҳияи Айнӣ, гимназияи №4-и шаҳри Истаравшан ва Маркази таҳсилоти иловагии №1-и шаҳри Исфараро аз шумори беҳтаринҳо донистанд.
Инчунин кори хонандагони мактаби миёнаи №4-и ноҳияи Спитамен, гимназияи «Нур»-и ноҳияи Б.Ғафуров, гимназияи № 1-и шаҳри Чкалов, Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Ғончӣ, мактаби миёнаи № 25-и шаҳри Конибодом ва литсейи № 2-и ноҳияи Ашт ба баҳои баланди ҳайати доварон сазовор гардиданд.
Беҳтаринҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаи Раёсати маорифи вилоят ва Шӯрои вилоятии собиқадорони ҷангу меҳнат сарфароз гардонида мешаванд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






