Суғд: афзоиши бунёди боғу токзори нав
Хуҷанд, 21.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар хоҷагиҳои кишоварзии шимоли кишвар майдони бунёди боғу токзори нав рӯ ба афзоиш дорад. Тавре ки мутахассиси идораи кишоварзии вилоят Неъмат Тоҷибоев иттилоъ дод, дар миқёси вилоят то 1 апрели соли равон дар ҳамаи бахшҳои хоҷагиҳо 1194,6 га боғи нав ва дар майдони 35,2 га токзори нав бунёд шудааст. Дар ин раванд, аз ҳисоби умумии боғҳо дар майдони 184,4 га ниҳолҳои мевагиҳои тухмдор, дар 1004,2 га ниҳолҳои мевагиҳои донакдор, дар 3,3 га ниҳолҳои мевагиҳои мағздор ва дар 2,2 га ниҳолҳои ситрусӣ шинонида шуданд.
Ғайр аз ин, то санаи мазкур 261,6 га боғ ва 8,1 га токзор аз нав барқарор гардид.
— Инчунин дар умум дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ низ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 6,4% зиёд гардидааст, — афзуд манбаъ.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






