Суғд: баргузории ҷаласаи Кумитаи низомии СААД
Хуҷанд, 10.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-9 апрел дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд ҷаласаи навбатии Кумитаи ҳарбии сардорони Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гардид.
Ҷаласаи мазкур таҳти роҳбарии раиси Кумитаи низомӣ, сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, муовини аввали вазири мудофиаи ҶТ Шарифзода Зарифи Тоҳирӣ ҷараён гирифта, дар он ҳайатҳои ситодҳои генералии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Русия ва Ситоди муттаҳида ва котиботи СААД иштирок доштанд.
Бояд гуфт, ки дар кори ҷаласа зиёда аз даҳ масъала, аз ҷумла таҳлили вазъи бехатарӣ дар минтақаи кишварҳои аъзои СААД, омодагии қувваҳои муштараки фаврии вокуниши СААД дар самти вазифаҳои муайяншуда, фаъолияти пойгоҳҳои методӣ-таълимии ин созмон, ташкили чорабиниҳои муштараки амалиётӣ ва омодагии ҷангӣ дар соли 2015, ворид намудани тағйирот дар нақшаи чорабиниҳо, вобаста ба амалигардонии самтҳои муҳими густариши ҳамкориҳои ҳарбии кишварҳои аъзои СААД то соли 2020-ум ва дигар масоили марбута мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, дар фарҷоми ҷаласа як силсила санадҳои дахлдор ба имзо расиданд.
Ҷаласа бо баргузории нишасти хабарӣ анҷом ёфт.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






