Суғд: Бунёди ду обанбор аз ҷониби ширкати чинӣ
Хуҷанд, 22.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Ширкати чинии “СR20G” нақша дорад дар ду ноҳияи вилояти Суғд обанбор бунёд намояд. Ин нуқтаи назар ва паҳлӯҳои дигари масоили ҳамкории дуҷониба дирӯз зимни мулоқоти раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо президенти ширкати “Asia Ridgers Foundation Investment Group CO Limited” Ма Хианглинг ва менеҷери генералии ширкати СR20G — и Ҷумҳурии мардумии Чин Минг Таоро мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре ки аз маркази хадамоти иттилоотии раиси вилоят хабар доданд, зимни суҳбат Абдураҳмон Қодирӣ роҷеъ ба иқдоми пешгирифтаи намояндагии ширкати чинӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, баён дошт, ки сохтмони обанборҳо дар ду ноҳия- Ҷаббор Расулов ва Ғончӣ имкон медиҳад, то заминҳои зиёди ин минтақаҳо обёрӣ гарданд ва ҳамчунин баҳри амалисозии лоиҳаи мазкур ва ҳамкории самаранок, омодагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро изҳор намуд. Ба иттилои манбаъ, ширкати чинӣ — “СR20G” дар шаҳри Сиани Чин қарор дошта, он яке аз бузургтарин ширкатҳо дар самти лоиҳакашӣ, сохтмони роҳи оҳан, метро, шоҳроҳҳо, фурудгоҳ, пулу нақб, обанборхо ба хисоб рафта, алъон аз чониби мутахассисони ин ширкат лоиҳаи бунёди обанборҳо дар минтақаи Исфанасойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ва Далаёни ноҳияи Ғончӣ мавриди омӯзиш қарор дошта, корҳои омӯзишӣ дар ин мавзеъхо идома доранд. Бояд гуфт, ки тӯли чанд соли охир дар минтақаҳои мазкур норасоии оби полезӣ дар мавсими кишту кор эҳсос гардида, сохтмони обанбори мазкур дар масъалаи танқисии оби полезӣ ва фаровонҳосилӣ кишти зироатҳо дар ин минтақа, бешубха, дастгирии чолиб хоҳад буд.








Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад






