Суғд: бунёди пул байни ду деҳаи наздисарҳадӣ
Хуҷанд, 18.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Бунёди пули байни ду деҳаи наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулови шимоли кишвар сохта шуда истодааст, дар арафаи анҷомёбист.
Дарозии пули мазкур 28 метру бараш 2 метр буда, он баъди истифода рафтуомади сокинони деҳаи Қӯрғончаи Тоҷикистонро бо яке аз деҳаҳои наздимарзии Қирғизистон осон мегардонад.
Тавре ки масъулин аз бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари вилояти Суғд иттилоъ доданд, сохтмони пул дар доираи лоиҳаи «Дастгирии сохторҳои ниҳодӣ дар сатҳи ҷамоатҳо бо мақсади коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар кишварҳои ҳадафноки Осиёи Марказӣ» ва ёддошти ба имзорасида миёни Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Салиби Сурхи Олмон сурат гирифта, бунёди он бо дастгирии молиявии Ҷамъияти Салиби Сурхи Олмон ва Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва ҳамчунин ҳукуматдорони маҳаллӣ амалӣ шуда истодааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






